Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи назлиётӣ дар Зимбабве: сӯиқасд ё тасодуф?


Ҳизби сарвазири Зимбабве Морган Свангирай хостори тафтиши мушикофонаи садамаи нақлиётие шуд, ки бар асари он хонуми сарвазир ба ҳалокат расида, худи раиси кобинаи вазирон ҷароҳат бардоштааст. Ҳамзамон раҳбарияти Ҷунбиш барои ислоҳоти демократӣ иқрор кард, ки ягон далели сӯиқасд ба ҷони сарвазир будани ин ҳодисаро зери даст надорад. Морган Свангирай, раҳбари собиқи мухолифини Зимбабве, алҳол дар бемористон аст ва ба гуфтаи табибон, ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад. Раиси ҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе ба рақиби деринаи худ изҳори ҳамдардӣ кард.
XS
SM
MD
LG