Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши пурқурбонӣ дар канори Пешовар


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар шимолу ғарби Покистон 8 нафар, аз ҷумла, ҳафт корманди хадамоти амниятии кишвар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи полис, ҳамлаи террористӣ дар канори шаҳри Пешовар, воқеъ дар марзи Афғонистон ба вуқуъ пайваст. Полис иттилоъ гирифт, ки дар як мошин ҷасади шахси номаълум ошкор шудааст. Замоне, ки мақомоти амниятӣ ба тафтиши мошин пардохтанд, таркиш ба амал омад. Масъулияти ин ҳодисаро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо гуфта мешавад, ки дар ин минтақа теъдоди бузурги мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG