Пайвандҳои дастрасӣ

Салом Файод ба истеъфо меравад


Салом Файод, сарвазири ҳукумати худгардони Фаластин ба истеъфо рафт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, аризаи истеъфои ӯ имрӯз ба дасти раҳбари Фаластин Маҳмуди Аббос расид. Истеъфои Салом Файод яке аз шартҳои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Фаластин маҳсуб мешуд, ки онро гурӯҳи ҲАМОС ба миён гузошта буд. Созиш дар мавриди ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ охири моҳи гузашта дар музокироти ҳайатҳои гурӯҳҳои фаластинии ҲАМОС ва ҷунбиши “Фатҳ” дар шаҳри Қоҳира бо миёнҷигарии кишвари Миср ҳосил шуд. Дар поёни ин музокирот ҷонибҳо чанд кумита таъсис карданд, ки барои ташкили ҳукумати ягона омодагӣ мегиранд.

Қарор аст, даври навбатии музокирот миёни гурӯҳи “ҲАМОС” ва ҷунбиши “Фатҳ”-и Маҳмуди Аббос 10 март дар Қоҳира баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG