Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Эрдуғон гуфтушунид карданд


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико, имрӯз дар Анқара бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, музокирот анҷом дод. Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо вазъ дар Ироқу Афғонистон, нақши эҳтимолии Туркия дар ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна ва имкони аз сар гирифтани равобити Туркия ва Арманистонро баррасӣ карданд. Хонум Клинтон бо раисиҷумҳури Туркия Абдулло Гул ва вазири хориҷаи кишвар Алӣ Бобоҷон ҳам мулоқот хоҳад кард.

Котиби давлатии ИМА дирӯз дар Женева бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дидору гуфтугӯ карда буд. Дар поёни нишаст хабар дода шуд, ки Вошингтон ва Маскав шояд то охири сол созиши нав дар бораи коҳиши силоҳи стратегиро имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG