Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай талаби рақибонашро рад кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки то интихоботи нави раёсатҷумҳур дар мақомаш боқӣ хоҳад монд. Ӯ талаби рақибони сиёсии худ барои тарки маснад баъд аз поёни ваколаташ дар моҳи май ва интиқоли қудрат ба ҳукумати давраи гузариш то интихоботи навро рад кард. Қарор аст интихоботи навбатии раёсатиҷумҳурии Афғонистон рӯзи 20 август баргузор шавад. Ҳомид Карзай қаблан пешниҳод карда буд, ки интихобот моҳи апрел доир гардад ва аммо Комиссиюни Марказии интихоботии Афғонистон бо далели имкони ноором шудани вазъ дар кишвар онро напазируфт. Созмони Милали Муттаҳид ва ИМА аз мавқеъи комиссиюни интихоботӣ пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG