Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сокини вилояти Суғд ҳангоми фурӯши фарзанди хурдсолаш аз ҷониби кормандони интизомӣ мавриди боздошт қарор гирифт.

Бино бар гуфтаи бахши хабарии идораи умури дохилаи вилояти Суғд, кормандони интизомӣ сокини ноҳияи Истаравшан Абдусалом Норматовро ҳангоми фурӯхтани фарзанди нуҳсолааш Алишер ба Комилбой Ббаротов ном як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 3 000 доллари ИМА дастгир кардаанд.

Додситонии ноҳияи Истаравшан нисбати сокини ноҳия Абдусалом Норматов мутобиқи асноди ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Дар бораи шахси фарзандфурӯш гуфта мешавад, ки ӯ 59-солаву оиладор буда, ҷои кор ва даромади муайян надоштааст.

Қабл аз ин ҳам ҳодисаҳои фурӯши инсон дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда буд, ки дар дар он ҳолатҳо кӯдакон мавриди тиҷорат қарор гирифтаанд.

Манобеъи расмӣ маълумот медиҳанд, ки дар соли гузашта аз 6 ҳодисаи фурӯши кӯдакони ширхора аз ҷониби волидайн пешгирӣ шудааст. Аммо ҳодисаи ахири одамфурӯшӣ аз ҳодисаҳои қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки ин навбат падар мехост фарзанди 9-солаи худро, ки тифл нест, бар ивази пул барои ҳамеша ба каси дигар фурӯшад.

Рафоат Бобоева, сарвари созмони «Чашмаи ҳаёт», созмони ҷамъиятии воқеъ шаҳри Хуҷанд, ки ба кӯдакони мавриди харидуфурӯш, таҷовуз ва истисмору зӯроварӣ гардида сарпаноҳ медиҳад, мутазаккир шуд, ки созмони онҳо дар давоми чанд соли ахир ба 49 нафар чунин кӯдак сарпаноҳ додаанд.

Зимнан, созмони «Чашмаи ҳаёт» се сол қабл дар шаҳри Чкаловски ин вилоят таъсис ёфтааст.

Ба гуфтаи коршиносон ва равоншиносони маҳаллӣ, умдатан волидайни бекору қашшоқ ва ё падар ё модари танҳо дар шароити сахту вазнин кӯдаки худро ба фурӯш гузоштаанд. Оилаҳои бефарзанд умдатан дар ин гуна муомилоти тиҷоратӣ бо инсон ба сифати харидор ва модарони кӯдаконе, ки беникоҳ ба дунё омадаанд, ба сифати фурӯшандаи фарзанд иштирок кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз қабл дар деҳаи Равшани ноҳияи Зафаробод сокинони маҳаллӣ дар канори роҳ як кӯдаки навзод ёфтаанд, ки то ҳанӯз волидайни ӯ аз худ дарак надодаанд.

Манобеъи ғайрирасмӣ харидуфурӯши духтарони ноболиғ барои водор намудани онҳо ба танфурӯширо низ зикр мекунанд, вале мақомоти расмӣ аз суҳбат дар бораи мавориди мушаххаси ин гуна ҳодисаҳо худдорӣ меварзанд.
XS
SM
MD
LG