Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падидаи нави ҷолиб дар миёни ҷавонони тоҷик


Андешаи он ки духтари зебои тоҷик бояд хонанишин ва пойбанди шавҳар бошад, оё тағйир ёфтааст? Сӯҳбат бо касе, ки кораш мушоҳидаи падидаҳои зиндагии бонувон аст. Венера Ҷабборова, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Бонувони Фардо”, аз ноҳияи Шаҳритус:

"Дар деҳот ин андеша тағйир наёфтааст ва ҳамонгуна ки ҳаст буд. Аммо дар маркази ноҳияҳо ва шаҳрҳо фикри ҷавонон тағйир меёбад, масалан ба духтарон имкони бештари таҳсил дар макотиби олӣ ва ширкат дар ҳаёти ҷомеаро фароҳам меоранд. Аммо занони деҳот ин имконотро надоранд ва таври маълум дар деҳот духтаронро дар рӯҳияе ба воя мерасонанд, ки аз онҳо соҳибхоназани хубе барояд ва барои волидон муҳим он аст, то духтарашон сарбаландона шавҳар кунад. Духтаронро асосан бо ҳадафи муваффақона ба шавҳар додан ба воя мерасонанд, то ки онҳо соҳибхоназанҳои хуб шаванд ва тамом. Агар дар хонаводае яке аз аъзои зиёӣ масалан муаллим, табиб ва ё каси дигар бошад, ҳадди ақалл ба духтарон иҷоза медиҳанд, то соҳиби таҳсили олӣ ва миёнаи ҳунарӣ шавад."

Аммо ин афкори қадимаи ҷавонон тағйир ёфтааст, ки мегуфтанд, зани бесавод, вале хубу хонанишин дошта бошанд, кофист?

"Он ҷавононе, ки дар Русия будаанд, андешаи худро дар робита ба зиндагӣ фавқуллода тағйир додаанд. Онҳое, ки бармегарданд, саъй мекунанд, то духтари андаке пешрафтаро барои издивоҷ пайдо намоянд, ки ҳадди аққал чанд калимаи русиро донад. Бар изофаи ин, аниси он ҷавон шавад ва дар робита ба зиндагӣ фикри худро дошта бошад ва ё ҳадди аққал соҳиби таҳсили миёнаи касбӣ бошад. Ҷавононе, ки аз Русия меоянд, духтарони дорои чунин сифатҳоро меҷӯянд, то зиндагӣ бо онҳо рангин бошад ва ҳамроҳ бо замон бо ҳамсаронашон қадам зананд. Ва ҷавонон баъзан ин ҳамсаронашонро бо худ ба Русия мебаранд. Аммо ҷавонони рустоҳо, ки ба Русия нарафтаанд ва бахусус ҷавонони хонаводаҳои камбизоат ба он бартарӣ медиҳанд, ки духтар хонагӣ бошад, танҳо кори хонаро кунад, фикри худро надошта бошад ва танҳо ба фармудаҳои шавҳар бечунучаро итоат намояд."

Кадоме аз ин гурӯҳ бештаранд?

"Ба андешаи ман, теъдоди онҳое, ки фикри худро тағйир медиҳанд ва бахусус инро дар марказҳои ноҳияҳову шаҳрҳо мушоҳида мекунем. Дар ин ҷо ҷавонон саъй мекунанд, то духтарони пешрафтаро барои худ пайдо намоянд, бахусус онҳоеро, ки ҷоеро хатм кардаанд ва ё дар ҷое таҳсил мекунанд. Фикр мекунам, ҳоло пешрафт идома дорад."

Аммо худи духтарон чӣ? Назари онҳо ба издивоҷу зиндагӣ тағйир ёфтааст, ки ҳамеша пойбанду дастнигари шавҳар будан хуб нест?

"Медонед, мо ҳам як замон чунин назархоҳие дар миёни духтарони синфҳои болоии мактабҳои Шаҳритус анҷом додем ва андешаи онҳо дар ин робита аз ҳам бисёр фарқ мекунанд. Мо аз онҳо пурсидем, ки шумо чӣ мехоҳед? Оё мехоҳед таҳсилкарда, донишманд ва соҳиби нақше дар ҷомеа бошед ва ё мехоҳед, танҳо ба шавҳар бароеду зери қаноту фармонбардори ӯ бошед. Новобаста аз муҳити ба воя расидаи онҳо, андешаҳои духтарон бисёр аз ҳам фарқ мекард. Масалан бисёре мегуфтанд, ки розиянд, ки ҳатто зани дуввум бошанд, вале хонаводаи таъмину беғам дошта бошанд, фарзанд ба дунё оранд, зебо пӯшанд, бо тилловорӣ худро ороиш бидиҳанд. Онҳо хушбахтиро дар ҳамин медиданд. Аммо духтароне ҳам буданд, ки мехостанд, соҳиби таҳсили олӣ шаванд, то дар зиндагӣ муваффақ ва дар ҷомеа мақомеро соҳиб шаванд."

Ба фикри шумо ҳоло мушкили аслие, ки монеъи рушди фикрии духтарони ҷавон ва боло бурдани мақому нақши онҳо дар хонаводаи тоҷик мешавад, кадом аст?

"Ба андешаи ман, мушкили аслӣ ҳамон урф ва анъанаи қадимаи миллӣ аст, ки зан ва ё духтарро ҳамеша як зина поёнтар аз мардҳо меҳисобанд. Мард дар ҷойи аввал аст ва ҳатто мо инро аксар вақт дар дар кӯча ҳам мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна вақте як ҷуфт масалан ба бозор мераванд, мард ҳамеша ду ё се қадам пештар аз зан ҳаракат мекунад. Ва дар зиндагӣ ҳам воқеъият чунин аст, мард қарор қабул мекунад ва зан ба он қарор итоат мекунад. Вале ҳоло пешрафт мушоҳида мешавад ва тавре ман гуфтам муҳоҷирати корӣ дар ин самт хеле таъсири мусбат гузошта ва афкори ҷавононро нисбат ба духтарон тағйир медиҳад."
XS
SM
MD
LG