Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ба эҳёи артишаш иқдом мекунад


Вазири дифоъи Гурҷистон гуфт, Тифлис ба хотири эҳёи тавонмандиҳои дифоъии худ дар пасманзари танишҳояш бо Русия бар сари минтақаҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ нирӯҳои мусаллаҳашро барқарор хоҳад кард. Давид Сихарулидзе ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ҳузури ҳазорон сарбозони Русия дар Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ба амнияти Гурҷистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ӯ афзуд, Тифлис ба амалиётҳои дифоъӣ таъкиди ҳарчӣ бештар хоҳад кард. Қаблан, Сергей Багапш, раҳбари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон, гуфт, Русияву Абхозистон дар садади имзои қарордоде ҳастанд, ки истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар минтақаи Гудаутии ин ҷумҳуриро барои 49 сол дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG