Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

650 000 тани дигар дар Амрико бекор монд


Омори тоза нашршуда ҳокист, ки иқтисоди Амрико дар моҳи феврал аз 650 000 ҷойи кори дигар маҳрум шуда, мизони бекорӣ дар кишвар, ба ин тартиб, ба 8,1 дарсад мерасад, ки дар 25 соли охир собиқа надоштааст. Вазорати кори Амрико ҳамчунин оморҳояш дар мавриди ду моҳи қаблиро бознигарӣ карда, гуфт, иқтисоди Амрико дар моҳи декабр 680 000 ҷойи корро аз даст дод, ки аз соли 1949 ба ин сӯ рекордист. Аз моҳи декабри соли 2007, ки иқтисоди Амрико вориди пасрафт шуд, ҳудуди 4 400 000 нафар дар ин кишвар аз ҷойи кор маҳрум шудаанд. Беш аз нисфи ин мардум ҷойи кори худро тайи 4 моҳи охир аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG