Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксана Собириро аз зиндон раҳо хоҳанд кард


Матбуоти Эрон мегӯяд, хабарнигори эрониву амрикоӣ Роксана Собирӣ баъд аз як моҳи дар боздошт ба сар бурданаш озод карда хоҳад шуд. Хабаргузории эронии ИСНО аз қавли Ҳасан Ҳаддод, муовини додситон дар умури парвандаҳои амниятӣ навишт, таҳқиқи ин парванда такмил шуда ва хонум Собирӣ то чанд рӯзи дигар раҳо хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи панҷшанбе аз мақомоти Эрон даъват кард, Роксанаро Собириро озод кунанд. Мақомоти Эрон ӯро ба фаъолияти ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, замони эътибори муҷавизи хабарнигории ӯ ҳанӯз 2 сол пеш ба поён расида буд. Қувваи қазоияи Эрон гуфт, Роксана Собирии 31-сола, ки дар Амрико ба дунё омадааст, дар зиндони Эвини Теҳрон таҳти боздошт қарор дорад.
XS
SM
MD
LG