Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханронии Клинтон дар парлумони Аврупо


Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа дар парлумони Аврупо дар Брюссел гуфт, талоши маъмурияти президенти Амрико Барак Обама ҷиҳати ҳамкории наздиктар бо Русия пуштибонии Амрико аз Аврупоро халалдор намекунад:“Наздик шудани мо бо Русия пуштибонии мо аз кишварҳое, чун Гурҷистон, ё кишварҳои Балтику Балкан, ва ё дар ҳар куҷои дигари Аврупо дар роҳи расидан ба истиқлолият, озодӣ, мустақилият дар иттихози қарорҳо ва пеш бурдани хатти маши мустақил ва орӣ аз дахолати беҳадди Русияро халалдор намекунад.” Шоми ҷумъа Ҳилларӣ Клинтон дар Женева бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мулоқот мекунад. Ин нахустин мулоқоти байни ду кишвар дар чунин сатҳ аз замони ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Барак Обама буда, Клинтон гуфт, ӯ ба хотири пайдо кардани муштаракот бо Русия ва ҳалли масоили мавриди ихтилофи назари ду кишвар ба Женева меравад.
XS
SM
MD
LG