Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айнаку коса ва пойпӯши Гандӣ ба фурӯш рафт


Виҷай Маллия, як тоҷири сарватманди ҳиндӣ, дар музоядае дар Ню-Йорк чанд моли марбут ба Маҳатма Гандӣ - рамзи истиқлолияти Ҳиндро дар баҳои 1 800 000 доллар харидорӣ кард. Дар ин музояда аз ҷумла айнак, пойпӯшҳои тобистона, соати кисагӣ ва косае, ки Маҳатма Гандӣ охирин дафъа аз он шир нӯшида буд, ба фурӯш рафт. Тиҷорати Виҷай Маллия риштаҳое, чун тавлиди оби ҷав, ё худ пиво, ва ширкатҳои ҳавопаймоиро фаро мегирад. Сухангӯи Маллия гуфт, ҳама молҳои марбут ба Гандӣ ба хотири гузоштан дар маърази тамошои мардум ба Ҳинд баргардонда хоҳанд шуд. Давлати Ҳинд мухолифи баргузори ин музояда буд ва онро таҳқир ба шахси Маҳатма Гандӣ, ки ҳар навъ сарвати моддиро қабул надошт, унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG