Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховни Рада Наливайченкоро тасдиқ кард


Парлумони Украина Валентин Наливайченкоро дар симати раиси Хадамоти амнияти ин кишвар тасдиқ кард. Наливайченко дипломати собиқадор буда., аз соли 2006 ба ин сӯ кафили раёсати Хадамоти амнияти Украина буд. Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко дар ҳафтаи ҷорӣ амалиёти ин Хадамот алайҳи ширкати давлатии “Нафтогаз”-ро тасвиб кард. Аммо сарвазири Украина Юлия Тимошенко ин амалиётро ғайриқонунӣ номида, маҳкум кард. Бо ин вуҷуд, вакилони парлумон аз эътилофи Тимошенко ҳамроҳ бо вакилони тарафдори президент Юшенко ба номзадии Валентин Наливайченко раъйи мувофиқ доданд.
XS
SM
MD
LG