Пайвандҳои дастрасӣ

Остона алайҳи бӯҳрон 4 миллиарди дигар ҷудо кард


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар паёми солонааш ба парлумон ба давлат дастур дод, боз як барномаи 4-миллиарддоларии раҳоӣ аз бӯҳронро рӯи даст бигирад. Ин барнома аз ҳисоби фоидаҳои ҳангуфте, ки Қазоқистон соли гузашта дар айни баландии қимати нафт ба даст овардааст, маблағгузорӣ хоҳад шуд. Қазоқистон тайи солҳои охир ба рушди солонаи тақрибан 10-дарсадӣ даст ёфта буд, вале акнун коҳиши нархи нафт ва бӯҳрони саросарии молӣ сахт асобаташ кардааст. Остона дар моҳи ноябр як барномаи 10-миллиарддолларии муқобила ба бӯҳронро эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG