Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: "Ҳамкорӣ бо Русия ба зарари Аврупо нест"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа дар парлумони Аврупо дар Брюссел гуфт, талоши маъмурияти президенти Амрико Барак Обама ҷиҳати ҳамкории наздиктар бо Русия пуштибонии Амрико аз Аврупоро халалдор намекунад. Шоми ҷумъа ӯ дар Женева бо ҳамтои русаш Сергей Лавров мулоқот мекунад. Ин нахустин мулоқоти байни ду кишвар дар чунин сатҳи аз замони ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Барак Обама буда, Клинтон гуфт, ӯ ба хотири пайдо кардани муштаракот бо Русия ва ҳаллу фасли масоили мавриди ихтилофи назари ду кишвар ба Женева меравад.
XS
SM
MD
LG