Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Бозори рӯ ба поин овардаи Обама”


Мизони поин рафтани қиматҳо дар бозорҳои Амрико шаби панҷуми март рекорди 12 соли пешро замин кард. Мояи чунин уфти қиматҳо хабаре шуд, ки аз эҳтимоли ба варшикастагӣ мувоҷеҳ шудани “Ҷенерал Моторс”, яке аз бузургтарин ширкатҳои мошинсозии Амрико ва ҷаҳон, дарак медиҳад.

Ин дафъа уфти башиддат ва бесобиқаи қиматҳо аз Уолл Стрит, маркази молии Амрико, оғоз ёфт ва субҳи шашуми март ба бозорҳои молии қораи Осиё кӯчид. Далели аслии уфти қиматҳо дар Уолл Стрит афзоиши нигарониҳо дар бораи корноомадии табдирҳои давлат ҷиҳати наҷоти низоми молии Амрико буд, ки Уолл Стритро рӯзи панҷуми март ба коҳиши дар 12 соли охир бесобиқаи қимати саҳом мувоҷеҳ кард. Аз ҷумла, Dow Jones, нишондиҳандаи аслии саноатии Амрико, танҳо аз замони ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Барак Обама, яъне аз 20 январ ба ин тараф 20 дарсад поин рафтааст.

Bloomberg News чунин суръати уфти ин нишондиҳанда дар оғози давраи нави раёсатҷумҳурии Амрикоро барои 90 соли охир бидуни собиқа ва вазъи пешомадаро “бозори рӯ ба поин овардаи Обама” унвон кардааст. Бонки марказии Аврупо низ дар ҳамин ҳол, рӯзи панҷуми март фоизи баргаҳои қарзиашро боз 50 нуқтаи дигар поин овард ва пешбинии иқтисодиаш барои соли ҷорӣ ва соли ояндаро мавриди бознигарӣ қарор дод. Афзун ба ин, Жан Клод Трише, раҳбари Бонки марказии Аврупо гуфт, дар сурати амиқтар шудани мизони пасрафти иқтисод, ин ниҳод метавонад фоизи баргаҳои қарзиро боз ҳам коҳиш бидиҳад.

Бо ин вуҷуд ки бозорҳои Аврупо рӯзи шашуми март бо рушди андаке оғоз ба кор карданд, таҳлилгарон мегӯянд, ин як оромии кӯтоҳе пеш аз тӯфон аст. Интизор меравад, шоми шашуми март Амрико омори нави ҷойҳои кориашро нашр кунад, ки ҳокии коҳиши дар 60 соли охир бесобиқаи шумори ҷойҳои корист ва акси садои ин хабар метавонад бозорҳои Аврупоро низ асобат кунад. Бино ба ҳисобҳо, дар зарфи фақат як моҳи феврал теъдоди ҷойҳои кории ғайрикишоварзӣ дар Амрико то ба 650 000 коҳиш ёфтааст, ки аз соли 1949 ба ин сӯ бемонанд будааст.

Хабари дигаре, ки мояи чунин асабонӣ шудани бозорҳои байнулмилалӣ шуд, эҳтимоли ба варшикастагӣ дучор шудани “Ҷенерал Моторс” мебошад. Ин ширкати бузурги мошинсозӣ, мақараш дар Детройт, мехоҳад ба хотири наҷоти худ аз ҳукумати Амрико 30 миллиард доллар кӯмак бигирад, вале гуфта мешавад, ҳатто бо дарёфти чунин кӯмак гумон аст, ки Ҷенерал Моторс аз чанги расвоӣ бираҳад.

Маъмурияти президент Барак Обама ба хотири наҷоти иқтисоди Амрико як барномаи қариб 800-миллиарддолларӣ таҳия карда, дар садади ироаи кӯмакҳои боз ҳам бештар ба риштаҳои бӯҳронзадаи иқтисодаш, аз ҷумла саноати мошинсозист. Қудратҳои дигари бузурги иқтисодии ҷаҳон низ аз айни тадбирҳои кӯмак ба иқтисодҳои худ кор гирифтаанд.

Аммо як мояи нигарониҳо чӣ дар Амрико ва чӣ дар Аврупо ин аст, ки давлатҳо дар роҳи муқобила ба бӯҳрон саноатҳои миллиро ба оғӯш мекашанд, ки ин ба зиёни тиҷорати озод бо кишварҳои ҳамсоя тамом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG