Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Русия дар Гудаут сохта хоҳад шуд


Хабаргузории Интерфакс аз қавли Сергей Багапш, раҳбари минтақаи ҷудоиталаби Абхозистон, навишт, Русияву Абхозистон дар садади имзои қарордоде мебошанд, ки истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар Абхозистонро барои 49 сол иҷозат медиҳад. Сергей Багапш гуфтааст, ин қарордод ба зудӣ таҳия ва ба наздиктарин фурсат имзо хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, пойгоҳи низомии Русия дар ноҳияи Гудаути Абхозистон бунёд шавад. Русия дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августаш бо Гурҷистон истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ҳарду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистонро расман эътироф кард.
XS
SM
MD
LG