Пайвандҳои дастрасӣ

СММ Судонро ба бозбинии тасмимаш даъват кард


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун аз давлати Судон хост, тасмимаш дар мавриди ихроҷи созмонҳои имдодиро бознигарӣ кунад. Бан Гӣ Мун бо нашри як баёния ҳушдор дод, ки ихроҷи 13 созмони бузурги имдодӣ аз Судон ба иҷрои амалиётҳои башарӣ дар вилояти ҷангзадаи Дарфур, ки 4 700 000 нафарро бо кӯмакҳои хайрия фаро мегирифт, “осеби ислоҳнопазир” хоҳад расонд. Давлати Судон ба нишони эътироз ба дастури боздошти раисиҷумҳураш Умар Башир, ки додгоҳи байналмилалии ҷиноёт содир кардааст, гуфт, ҳамкориро бо ин додгоҳ қатъ хоҳад кард. Додгоҳи Умар Баширро дар раҳбарии маъракаи куштору таҷовуз ва ҷиноятҳои дигар дар Дарфур айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG