Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Устои лӯхтаксоз" муддаии "Русская премия" шуд


Адиби тоҷик Гулчеҳра Пӯлодова барои дарёфти ҷоизаи “Русская премия” мубориза хоҳад бурд. Исми Гулчеҳра Пӯлодова ва романи “ Устои лӯхтаксоз”-и ӯ дар феҳрасти муқаддамотии муддаиёни ин ҷоизаи мӯътабар омадааст. “Русская премия” 4 сол пеш бо пуштибонии Сандуқи Борис Елтсин таъсис ёфта, ба адибоне эъто мешавад, ки дар хориҷ аз Русия ба забони русӣ эҷод мекунанд. Маблағи ҷоиза муодили 3 000 доллари амрикоист, вале ба барандааш ҳамчунин ҳаққ медиҳад, асарашро дар Русия ба табъ бирасонад.
XS
SM
MD
LG