Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи гази Тоҷикистон 22 фоиз кам шуд


Душанбе 4 миллион доллар аз 18 миллион доллар қарзи ҷамъшудааш аз ширкати “Узтрансгаз”-ро пардохт карда, ба ин тартиб, қарзи пули газаш аз Узбакистонро 22,22 дарсад коҳиш дод. Ҷониби Узбакистон ба иллати қарздории Тоҷикистон, интиқоли газ ба ин кишварро ду маротиба кам кард ва Душанбе тайи ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҷойи 140 миллион метри мукааб ҳамагӣ 70 миллион метри мукааби газ гирифт. Тибқи қарордод, Тоҷикистон дар соли равон бояд аз Узбакистон 550 миллион метри мукааб газ бигирад. Нархи газ 240 доллар барои ҳазор метри мукааб таъйин шудааст. Мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” гуфтаанд, Узбакистон танҳо дар пайи пурра пардохт шудани қарзи Душанбе интиқоли пурраи газ ба Тоҷикистонро аз сар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG