Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши минтақавии Кумитаҳои миллии олимпӣ


Ҳамоиши минтақавии Кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, шоми 6-уми март ба анҷом расид.

Вамариҷ Муродов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамоиш, ки бо дастгирии ҳаракати олимпии «Olympic Solidarity» ва Шӯрои олимпии Осиё баргузор шуд, намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои минтақа ва кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои Осиёӣ ширкат карданд.

Ширкаткунандагони ҳамоишро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Маликшоҳ Неъматов аз номи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муборакбод гуфта, иброз дошт, ки ин чорабинӣ ба таҳкими ҳамкории муштараки кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои минтақа дар доираи ҳаракати олимпӣ мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG