Пайвандҳои дастрасӣ

«Гвардия» ва «Истиқлол» - дар финали Ҷоми Рустам Долтабоев


Ду дастаи шаҳри Душанбе – «Гвардия» ва «Истиқлол» ба финали мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев роҳ ёфтанд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон баргузор шуданд. Нахуст «Гвардия» бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат кард. Замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расид. Аз рӯи пенолти ё силсилаи зарбаҳои 11-метра «Гвардия» бо ҳисоби 6:5 пирӯзӣ ба даст овард.

Сипас дар бозии дуввуми ниманиҳоӣ «Истиқлол» ва «Энергетик»-и Душанбе қувва озмуданд. Ин дидор бо ғалабаи «Истиқлол» бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, барандаи Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ 7-уми март байни дастаҳои «Гвардия» ва Истиқлол» муайян хоҳад шуд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Энергетик» барои ҷои севум рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG