Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи хатти парвоз байни Душанбе ва Тошканд


Тоҷикистон ва Узбакистон барои эҳёи хатти парвози ҳавопаймо миёни Душанбе ва Тошканд мувофиқат ҳосил кардаанд.

Ин созиш ахиран дар як гуфтушуниди намояндагони ширкатҳои "Тоҷикэйр"-и Тоҷикистон ва "Ҳаво йӯллари"-и Узбакистон дар шаҳри Тошканд ҳосил шудааст.

Бино ба иттилои ширкати давлатии "Тоҷикэйр", парвози ҳавопаймоҳо дар ин масир дар моҳи марти соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин сарчашма, хатҳои парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Самарқанду Бухоро низ дубора барқарор хоҳад шуд.

Узбакистон тайи ду даҳсолаи ахир масири ҳавоӣ бо Тоҷикистонро ба куллӣ қатъ карда буд.
XS
SM
MD
LG