Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири сафари Фраттинӣ ба Теҳрон ба нишони эътироз


Вазири умури хориҷии Италия, Франко Фраттинӣ, тасмим гирифт, сафари тарҳрезишудааш ба Эронро ба нишони эътироз аз ончӣ ки Вазорати корҳои хориҷии Италия, "баёнияҳои ғайриқобили қабул" меномад, мавқуф гузорад. Бо ин роҳ вазорат норозигии хешро аз суханҳои раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар бобати Исроил ва Иёлоти Муттаҳида баён доштааст. Хоманаӣ рӯзи панҷшанбе Исроилро "омоси саратон" номид ва президенти Амрико, Барак Обамаро айбдор кард, ки дар ҳимоят аз Исроил роҳи ҳукумати пешинаи Бушро идома медиҳад. Фраттинӣ қарор буд, бо мақомоти Эрон, аз ҷумла масъалаҳои Афғонистонро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG