Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тамосҳои сатҳи аршади НАТО ва Русия


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яаап де Ҳуп Схеффер мегӯяд, вазирони умури хориҷии НАТО розӣ шуданд, ки гуфтушуниди паймон бо Русия дар сатҳи боло аз сар гирифта шавад. Ин тамос пас аз мудохилаи ҳарбии Русия дар Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 қатъ гардида буд. Вазорати умури хориҷаи Русия аз ин эъломияи НАТО истиқбол кард. Пештар Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон дар ҷаласаи вазирони НАТО гуфт, паймон бояд ба самти равобит бо Русия қадам ниҳад. НАТО ба Укроину Гурҷистон ваъдаи узвият додааст, аммо таъкид кардааст, ки ин як роҳи тӯлонист.
XS
SM
MD
LG