Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон аз Эрон озодии журналист Собириро тақозо кард


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, аз мақомоти Эрон даъват кард, журналисти боздоштшудаи эронию амрикоиро аз ҳабс озод кунанд. Журналист Роксана Собирӣ як моҳ аст, дар маҳбаси Эвини Эрон ба сар мебарад. Мақомоти давлат аввал ӯро дар харидани шароб айбдор карданд, вале дертар гуфтанд, фаъолияти вай бо муҷаввизи лағвшуда ғайриқонунӣ будааст. Хонуми Клинтон гуфт, аз вазъи Собирӣ нигарон аст ва бояд ӯро озод кунанд, то ба хонааш дар аёлати Дакотаи Шимолии Амрико баргардад.
XS
SM
MD
LG