Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Чин Вен Ҷиабао мегӯяд, соли равон барои кишвараш мушкилтарин сол дар қарни муосир хоҳад буд.

Дар Анҷумани солонаи Конгресси миллии мардумӣ Вен Ҷиабао изҳор намуд, ки кишвараш саъй мекунад, рушди ҳашт дарсадаро ҳифз намояд ва барои татбиқи ин ҳадаф дар шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ ҳукумат ним триллион долларро ба ҳайси стимул, яъне, василаи ангезиши рушди иқтисодӣ масраф хоҳад кард. Умуман, бӯҳрони ҷаҳонӣ Чинро дар миёни ду интихоб қарор додааст: Яке такя ба содирот ҳамчун воситаи рушд ва дигаре гузариш ба намунаи нави рушди иқтисодӣ.

Аз замоне, ки Чин дарҳояшро ба сармояи хориҷӣ боз намуд, рушди ҳарсолаи ин кишвар тахминан ба 10% баробар будааст. Коргарони Чин бо камтарин маош дар шароити вазнинтарин моле истеҳсол мекунанд, ки нархи фавқулода арзон дорад. Ин моли арзон, ки дар рақобат маҳсули кишварҳои мухталифро ноком кардааст, тибқи омори ғайрирасмӣ хазинаи Чинро ба 2 триллион доллари амрикоӣ мусовӣ намуд. Вале имрӯз кишварҳои воридкунандаи моли чинӣ бо рукуд мувоҷеҳ буда, бозори содироти Чинро низ бо хатар рӯ ба рӯ кардаанд.

Аснои суханронӣ сарвазир Вен Ҷиабао ишора кард, ки имсол Чин бо бузургтарин касри буҷа мувоҷеҳ аст, ки он ба 140 миллиард доллар мусовӣ мебошад. Сабаби афзоиши касри буҷа коҳиши андоз аз соҳибкорон ва афзоиши хароҷот дар дохили кишвар аст, ки тибқи нақша ба ташвиқи рушд саҳмгузор хоҳад шуд.

Моҳҳои ахир ҳукумат аз як тараф, сабукдӯшсозии коргаронро манъ кард ва аз сӯи дигар сӯҳбатҳо дар бораи боло бурдани маоши камтарин мутаваққиф шуданд. Вен Ҷиабао иброз дошт, ки ҳукумати Чин бидуни бознигарӣ барномаи ташвиқи рушди баробар бо 585 миллиард долларро ба сомон хоҳад расонд.

Ҷои ёдоварист, ки сарфи назар аз ҳокимиятдории коммунистӣ дар Чин нафақаи давлатӣ, низоми тандурустии бепул ва ҳифзи иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG