Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Амрико барои ҳамкорӣ бо Русия


Ҳилларӣ Клинтон - вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, фурсати он расидааст, то Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ дар роҳи муносибот бо Русия “ба пеш” ҳаракат кунад. Вай дар ин бора дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО сухан гуфт, ки дар шаҳри Брюссел масъалаи ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ бо Русияро баррасӣ мекунанд. НАТО муносиботаш дар сатҳи олӣ бо Русияро баъди ҷанги ин кишвар бо Гурҷистон дар моҳи август мутаваққиф кард. Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин аз кишварҳои узв хост, то дари НАТО-ро барои Укроину Гурҷистон боз гузоранд, ки ҳарду муштоқи пайвастан ба он созмон мебошанд. Русия мухолифи сарсахти қабули ин ду кишвари шӯравии собиқ ба НАТО аст. Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ ба Укроину Гурҷистон ваъда додааст, ки дар ниҳоят онҳоро хоҳад пазируфт, вале мегӯяд, ин ду кишвар то расидан ба узвияти НАТО роҳи дарозеро дар пеш доранд.
XS
SM
MD
LG