Пайвандҳои дастрасӣ

«Агроинвестбонк» аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, то мӯҳлати пардохти қарзи воҳидҳои кишоварзиро то охири соли 2009 тамдид кунад.

Ҷалил Таваккалов, мудири шӯъбаи таҳлили ин бонк мегӯяд, «Агроинвестбонк» ба далели кам мондани мӯҳлати пардохти қарзи
Тадбири нави ҳукумати Тоҷикистон ба қарзи воҳидҳои кишоварзӣ тақрибан 126 миллион доллар афзуда, ҳоло ин қарз ба 600 миллион доллар расид.
воҳидҳои кишоварзӣ ва то кунун бозгардон нашудани қисмати аъзами қарзе, ки кишоварзон соли гузашта аз ин бонк барои кишту кор гирифтаанд, аз ҳукумат чунин тақозо кардааст. Ба гуфтаи оқои Ҷалилов, воҳидҳои кишоварзӣ то ҳол аз 50 миллион сомонӣ қарзи дарёфткардаашон, танҳо 14 миллиони онро баргардонидаанд, дар ҳоле ки бар асоси нақша бояд то 1-уми апрели соли равон комилан қарзҳои худро ба «Агроинвестбонк» бармегардонданд. Оқои Ҷалилов меафзояд, бештари хоҷагиҳои деҳқонӣ бар асари бӯҳрони молиявӣ имкони бозгардони қарзи давлатиро гум кардаанд, зеро ахиран қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ 50 дарсад поин рафта, маҳсули кишоварзони тоҷик бехаридор мондааст.

Ба қавли ӯ, ҳукумат барои кишоварзон бо фоидаи 12 дарсади солона ба «Агроинвестбонк» қарз додааст ва ин бонк ба навбати худ ин маблағро бо 18 дарсади солона ба кишоварзон ироа кардааст. Тибқи омори расмӣ, феълан, кишоварзони кишвар аз «Агроинвестбонк» дар маҷмӯъ 96 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, набаргардонидани қарзи воҳидҳои кишоварзӣ танҳо хоси Агроинвестбанк набудааст. Зеро воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон то кунун аз 180 миллион доллар қарзе, ки бонкҳо барои соҳаи пахтакорӣ дар соли гузашта додаанд, танҳо 30 дарсадашро баргардониданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан бино ба омори расмӣ, воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон 480 милион доллар аз ширкатҳои сармоягузор қарздор буданд.

Раҳматулло Валиев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, муқаррароти нави маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, ки онро соли гузашта ҳукумат тавассути бонкҳо роҳандозӣ кард, ба муваффақият ноил нашуд. Зеро ин муқаррарот ба ҳалли мушкили қарзи кишоварзон мусоидат накардааст. Тадбири нави ҳукумати Тоҷикистон ба қарзи воҳидҳои кишоварзӣ тақрибан 126 миллион доллар афзуда, ҳоло ин қарз ба 600 миллион доллар расид. Оқои Валиев меафзояд, муқаррароти мазкур ихтиёри замин ва сарнавишти кишоварзонро ба дасти бонкҳою бонкдорон супоридаст. Ва акнун бонкҳо метавонанд, замини кишоварзонро ба ивази қарз бигиранду ба каси дигар бифурӯшанд. Ҳарчанд, тибқи сарқонун хариду фурӯши замин мумкин нест.
XS
SM
MD
LG