Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русияву Укроин дар пешорӯи як баҳси нав


Владимир Путин – нахуствазири Русия ба давлати Укроин ҳушдор дод, ки агар пули ширкати «Газпром”- ро то рӯзи шанбе напардозад, содироти газ ба он кишварро қатъ мекунанд. Иҷро нашудани ин талаб аз тарафи Укроин ба гуфтаи Владимир Путин, дар навбати худ, таъмини кишварҳои Аврупо бо гази табииро халалдор хоҳад кард. Пештар аз ин ширкати “Газпром” гуфт, тафтиши қароргоҳи ширкати давлатии “Нафтогаз”- и Укроин аз тарафи мақомоти амниятӣ, масъалаи пардохти 400 миллион доллар қарзи он ширкат ба “Газпром”- ро мушкилтар хоҳад кард. Як чунин баҳси Укроин бо Русия, ки роҳи аслии транзити гази русӣ ба Иттиҳодияи Аврупост, дар зимистони сарди моҳи январ сабаби қатъи интиқоли газ ба бисёре аз кишварҳои ин иттиҳодия шуд.
XS
SM
MD
LG