Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Солана аз амри Афғонистон


Хавиер Солана – сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз амри мақомоти интихоботии Афғонистон истиқбол кард, ки замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишварро бетағйир гузоштанд. Хавиер Солана зимни як баёнияи расмӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо баргузории интихоботи одилона дар Афғонистонро ниҳоят муҳим медонад ва то моҳи август имкон фароҳам мешавад, то ба интихобот ба таври муносиб омодагӣ гирифта шавад. Ҳомиди Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон пештар хоста буд, то интихобот қабл аз 22 май баргузор гардад, зеро давраи раёсати ҷумҳури ӯ то он замон хотима меёбад. Созмони Милал ва Амрико аз тасмими таъхир дар баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳимоят кардаанд, то масоили таъмини амнияти интихобот ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG