Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ ба тарафдории Ал-Башир


Бештар аз 5 ҳазор нафар имрӯз дар шаҳри Хартум – пойтахти Судон, ба нишони эътироз аз дастури байналмилалии боздошти Умар Ал-Башир - раиси ҷумҳури ин кишвар раҳпаймоӣ карданд. Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд рӯзи сешанбе дастури боздошти Умар Ал- Баширро содир кард, ки ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мешавад. Худи Умар Ал-Башир ин дастурро дасисае ба зидди Судон хондааст. Додситонҳои Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят, раиси ҷумҳури Судонро дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башар муттаҳам намуда мегӯяд, масъулияти куштору таҷовуз ва тороҷгариҳо дар минтақаи Дарфури Судон бар дӯши ӯст. Баъди судури амри боздошти Умар Ал-Башир, ҳукумати Судон даҳ созмони хайрияро аз ин кишвар ронд ва моликияти онҳоро мусодира кард.
XS
SM
MD
LG