Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла бо булдозер дар Байтулмуқаддас


Бино ба гузоришҳо аз Исроил, дар инҷо як ронандаи фаластиниро куштаанд, ки мехост, булдозерашро ба автобуси холӣ ва як мошини пулис дар шаҳри Байтулмуқаддас равона кунад. Радиои Исроил аз қавли шоҳидони айнӣ хабар дод, як ронандаи таксӣ аввал ронандаи булдозерро бо тири туфанг маҷрӯҳ карда ва сипас афсари пулис ӯро куштааст. Айни замон маъмурони наҷоти Исроил мегӯянд, ки ронандаи булдозер зинда, вале дар вазъи вахим аст. Бар асари кӯбидани булдозер ба мошини пулис ду афсарони дохили он маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти пулиси Исроил ин ҳамларо террористӣ унвон кардаанд, ки саввумин ҳамла бо булдозер дар Байтулмуққадас дар ҳашт моҳи ахир аст.
XS
SM
MD
LG