Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавсияи дабири кулли НАТО ба ин созмон


Яаап Де Ҳуп Скеффер - дабири кулли НАТО тавсия додааст, то ин созмон иртибот дар сатҳи олӣ бо Русияро аз сар бигирад, ки баъди ҷанги ин кишвар бо Гурҷистон дар моҳи август муттавақиф шудааст. Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Брюссел масъалаи ҳамкорӣ бо Русия ва мушкилоти Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дабири кулли Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ зимни ифтитоҳи ин нишаст гуфт, миёни ин созмон ва Русия ихтилофоти ҷиддӣ боқӣ мондааст, вале ҳарду тараф манфиатҳои муштарак ҳам доранд: "Мо ҳоло бояд қадамҳои эҳтимолии баъдӣ, аз ҷумла аз сар гирифтани нишастҳои Шӯрои НАТО ва Русияро баррасӣ кунем. Ба андешаи ман, мо бояд бар сари барномаҳои мусбате андешем, ки ҳам барои амнияти НАТО, Русия, Аврупо ва воқеан амнияти ҷаҳонӣ муҳиманд." Дар як талоше барои итминони хотир додан ба Укроину Гурҷистон, ки муштоқи пайвастан ба НАТО ҳастанд, вазирони кишварҳои узв бо намояндагони ин ду кишвар ҳам мулоқот хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG