Пайвандҳои дастрасӣ

Ду аъзои Ҷиҳоди Исломиро куштанд


Созмони Ҷиҳоди Исломӣ мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил ду аъзои ин созмони тундрав дар Навори Ғазза кушта шудаанд. Артиши Исроил то ҳол ин хабарро шарҳе надодааст. Як рӯз пештар нерӯҳои исроилӣ як фармондеҳи Ҷиҳоди Исломиро куштанд ва ин гурӯҳ қавл дод, ки барои ин кораш аз Исроил қасос хоҳад мегирад. Баъди муноқишаи 22 рӯзаи Исроилу Ҳамос дар Навори Ғазза ва эъломи оташбас дар моҳи январ, ҳамлаҳои парокандаи тундравон ба Исроил ва ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар ба тундравон мушоҳида мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG