Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ҳамкории НАТО ва Русия


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Брюссел масъалаи ҳамкорӣ бо Русия дар сатҳи болоиро баррасӣ мекунанд, ки ин ҳамкории онҳо баъди ҷанги Русия бо Гурҷистон дар моҳи август мутаваққиф шудааст. Дабири кулли Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ зимни ифтитоҳи ин нишаст гуфт, миёни ин созмон ва Русия ҳанӯз ихтилофоти ҷиддӣ боқӣ мондааст, вале ҳарду тараф манофеъи муштарак ҳам доранд. Вай ихтилофоти назар дар робита ба Гурҷистонро ёдовар шуд ва гуфт, Русияву НАТО дар робита ба Афғонистон ва мубориза бо тероризм ва манъи густариши силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ манофеъи муштарак доранд. Дар як талоше барои итминони хотир додан ба Укроину Гурҷистон, ки муштоқи пайвастан ба НАТО ҳастанд, вазирони кишварҳои узв бо намояндагони ин ду кишвар ҳам мулоқот хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG