Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе то рӯзи 7-уми март идома хоҳад кард.

Дар сабқати мардон 14 шатранҷбоз ширкат доранд, ки байни онҳо ду нафар духтарон – Марворид Насриддинова ва Надежда Антонова - ҳастанд. Пас аз нӯҳ даври бозиҳо шатранҷбози моҳир Файзалӣ Нуралиев бо 8,5 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Абдуқаҳҳор Тешаев бо 7,5 имтиёз дар ҷои дуввум ва Марворид Насриддинова бо 6 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Дар сабқати занон баъди 7 даври бозиҳо Асила Мӯҳтоҷзода ва Меҳрангез Раҳматова бо 6,5-имтиёзӣ пешсафанд. Мутрибаи Илҳом бо 6 имтиёз севум аст.
XS
SM
MD
LG