Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон сафар мекунад


Дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Эрон дар Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст барномаи сафари Раҳмон ба Эрон барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё ЭКО баррасӣ шуд. Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар, ки ба зудӣ рӯй хоҳад дод, президенти Тоҷикистон бо раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ мулоқот ва аз чанд минтақаи Эрон дидан кунад. Дар дидори Раҳмон ва Шеърдӯст ба ин ҳам ишора шуд, ки ду кишвар метавонанд, барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ тадбирҳои муштарак тарҳрезӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG