Пайвандҳои дастрасӣ

Судон 10 созмони ҷаҳонии хайрияро ихроҷ кард


Судон пас аз эълони ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, ки дастури ҳабси раисиҷумҳури ин кишвар Умар ал-Баширро содир кард, 10 созмони асосии байнулмилалии хайрияро ихроҷ кард. Ин созмонҳо аз тасмими ҳукумати Судон эътироз карданд ва мегӯянд бо додгоҳи байнулмилалӣ пайванде надоранд ва хуруҷи онҳо зиёда аз 2 миллион нафарро дар Дорфур, ки ба ғизо, оби пок ва сарпаноҳ ниёз доранд, ба бӯҳрон рӯбарӯ мекунад. Ҳукумати Судон ҳукми додгоҳи байнулмилалиро рад кард ва онро падидаи "навмустамликадорие" номид, ки ҳадафаш ба ҳам задани эътидол дар кишвар аст.
XS
SM
MD
LG