Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихи баргузории интихоботи Афғонистон дақиқ шуд


Кумиссюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар мӯҳлате, ки президенти кишвар Ҳомид Карзай дастур додааст, ғайри қобили баргузорӣ мебошад. Раиси ин кумиссюн Азизуллоҳ Лудин гуфт, ҳеҷ яке аз мушкилиҳои мавҷуда бартараф нашудаанд. Лудин афзуд, Кумиссюни мустақили интихоботи Афғонистон тасмим гирифтааст, ки 20 август ба ҳайси таърихи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ боқӣ бимонад. Рӯзи шанбе Карзай фармон дод, интихобот дар моҳи апрел баргузор шавад. Дастури ӯ интиқодоти шадидеро ба миён овард.
XS
SM
MD
LG