Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Боқиев ба гуфтушунид бо Амрико сари "Манас"


Президенти Қирғизистон, Қурманбек Боқиев гуфт, вай омодааст, бо Иёлоти Муттаҳида дар бобати сарнавишти ояндаи пойгоҳи ҳарбии он дар "Манас" гуфтушунид кунад. Порлумони Қирғизистон моҳи гузашта аз тасмими баста шудани ин пойгоҳ пуштибонӣ кард ва қарор аст, нерӯҳои Амрико дар шаш моҳи оянда онро тарк кунанд. Ин пойгоҳ як абзори калидии НАТО ва Иёлоти Муттаҳида дар амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон ба шумор меравад. Боқиев дар мусоҳиба бо шабакаи ҷаҳонии Би-Би-Си гуфт, "дари гуфтушунид баста нашудааст" ва ҳукумати ӯ омодааст, ҳама гуна пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаро дар дастёфт ба эътидоли Афғонистон бишнавад. Қирғизистон камии иҷорапулиро сабаби асосии бастани пойгоҳ эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG