Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Судон ба ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ


Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дастури ҳабси раисиҷумҳури Судон Умар ал-Баширро содир кард, ки ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ дар минтақаи Дорфури Судон айбдор мешавад. Сардодситони додгоҳи байнулмилалӣ, Луис Морено-Окампо мегӯяд, нақши Баширро дар ташкили қатлҳо,таҷовузу шиканҷа ва рондани қабилаҳои африқоитабор "далелҳои қавӣ" исбот мекунанд. Аммо барои исботи ҷурми ӯ дар наслкушӣ додгоҳ далелҳои кофӣ дар даст надорад. Судон аллакай гуфтааст, ҳеҷ касро ба додгоҳ нахоҳад супурд. Пас аз эълони дастури ҳабс, сухангӯи раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, Роберт Гиббс ҳушдори шадиде дод, ки ҳеҷ гуна хушунат бар зидди аҳолии осоишта ва манофеъи хориҷӣ ҳамчун пайомади ин дастур таҳаммул карда нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG