Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО равобит бо Русия ва вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО имрӯз дар дидоре дар Бруссел равобити паймон бо Русия ва авзоъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Онҳо бояд ояндаи тамосҳои сатҳи баланди НАТО ва Русияро рӯшан кунанд, ки пас аз мудохилаи ҳарбии Русия дар Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта қатъ шудаанд. Дар масъалаи Афғонистон интизор меравад, ки котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон аз пешрафт дар бознигарии стратегияи марбут ба Афғонистону Покистон ва таъсири он ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон иттилоъ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG