Пайвандҳои дастрасӣ

"Мегафон" ва "Билайн" нархҳоро боло мебаранд


Ширкатҳои фароҳамкунандаи мухобироти бесими "Мегафон" ва "Билайн" ба пешбинии иқтисодшиносон ба зудӣ нархи хадамоти худро гаронтар хоҳанд кард. Таҳлилгарони маркази "Тройка Диалог" дар Маскав гуфтаанд, ин ширкатҳо тасмим гирифтаанд, дар чанд зина нархи хидмати худро то 85-90 дарсади сатҳи то бӯҳрон болотар баранд. Ҳарчанд гуфта мешавад, афзоши нарх пеш аз ҳама дар Русия ба амал хоҳад омад, таъсири он ба дигар кишварҳои мавриди фаъолияти "Мегафон" ва "Билайн" эҳсос хоҳад шуд. "Мегафон" ва "Билайн" дар Тоҷикистон муштариёни зиёде доранд, ки ҷамъи теъдоди онҳо аз як миллион нафар бештар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG