Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нависандаи тоҷик бори дуввум номзади Ҷоизаи русӣ гардид


Китоби нависандаи тоҷик Гулчеҳра Пӯлодова ба номгӯи муддаъиёни Ҷоизаи адабии русӣ ("Русская премия") шомил гардид. Ин ҷоиза, ки аз тарафи "Бунёди Елтсин" тақдим мегардад, ҳар сол барои беҳтарин осори нависандагони ғайрирус ба забони русӣ дода мешавад. Намояндаи бунёд гуфтааст, имсол барои авалин бор на танҳо аз кишварҳои шӯравии собиқ, балки аз мамолики дигар низ осоре барои дарёфти ҷоиза пешниҳод шудаанд. Нависандаи тоҷик Гулчеҳра Пӯлодова, ки ҳамзамон омӯзгори забони инглисӣ дар Душанбест, соли гузашта бо китоби достонҳои кӯтоҳи худ "Саргузашти граф Лойола" барандаи ҷоизаи аввали ин озмун шуда буд. Вай имсол асари калонҳаҷми худ, "Устои бозичасоз"-ро ба ин озмун пешниҳод карда, аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG