Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони се кишвар дар рӯзҳои Наврӯз


Тибқи хабари матбуъоти Тоҷикистон, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомиди Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинежод-руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон бо ҳам мулоқот мекунанд. Ин севвумин мулоқоти сегонаи мазкур ба шумор меравад. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон баррасӣ шавад. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз маъмулан шаҳри Мазори Шариф ба маҳали аслии баргузории маросими наврӯзӣ дар Афғонистон табдил меёбад.
XS
SM
MD
LG