Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳониёни Тоҷикистон дар мизи мудавваре роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши бемории ВИЧ-СПИД ва бархӯрд бо гирифторони ин бемориро баҳс карданд.

Онҳо гуфтанд, ки мавъизаи рӯҳониён аз минбари масоҷид метавонад назари сокинон ба мубталоёни бемории Вич-СПИД-ро тағйир дода ва муносибат бо онҳоро, ки бисёр вақт табъиз мешаванд, нарм кунад.

Ба гуфтаи Мулло Абдураҳим, имомхатиби масҷиди “Қазоқон” дар Душанбе, мавъизаи рӯҳониён ҳаводори зиёд дорад ва сокинони мусулмони Тоҷикистон низ ба ҳарфи онҳоро гӯш медиҳанд: “Мо тавонистем дар сӯҳбатҳо ба ҷавонон, бахусус, ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, талқин кунем, то аз муоина ва ташхиси тиббӣ гузаранд. Онҳо сухани моро қабул карданд ва аз ташхиси тиббӣ ҳам гузаштанд. Ин яке аз роҳҳост. Аммо вақте дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз тавсеъи вируси норасоии масунияти бадан мегӯям, назари Ислом ва уламои исломӣ дар атрофи се нуқта давр мезанад...”

Мулло Абдураҳим ба парҳезкорӣ даъват кардани сокинон, издивоҷи барвақтӣ ва истифода аз рифоларо ба унвони се роҳҳали ҷилавгирӣ аз густариши Вич-СПИД медонад. Ин дар ҳолест, ки қаблан теъдоде аз муллоҳои кишвар, тарғиби истифода аз рифоларо дар телевизион тарғиби фаҳш ва зино номида ва онро танқид кардаанд.

Аммо уламои дигар ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг ва тандурустии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи ширкатдорони ин баҳс буданд,
"Маркази мубориза бо бемории СПИД мегӯяд, теъдоди мубталоёни ин беморӣ ба бештар аз 1 ҳазору 400 нафар расидааст."
ғояҳои башардӯстонаи Исломро ҳамчун василае барои мубориза алайҳи густариши вируси СПИД арзёбӣ ва бар тақвияти фаъолияти муштарак дар ин замина таъкид карданд.

Зарафо Раҳмонӣ, масъули бахши фарҳанги Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ ҳамкории миёни вазоратҳои масъул ва рӯҳониёни кишварро айни муддао донист. Вай гуфт, ки ҳамкории ин ду идора бо уламои исломӣ метавонад аз густариши ин беморӣ миёни сокинони Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад: “Вақти он расидааст, ки дар ин бора дар мактабҳову донишгоҳҳо сӯҳбату ҳамкориҳои ҷонибайн сурат гирад. Чунки раҳоӣ ёфтан аз ин фоҷеъа бе истифода аз нерӯи рӯҳониён ғайримумкин аст”.

Зарафо Раҳмонӣ густариши Вич-СПИДро дар ҷомеъаи бештар аз ҳафт миллионнафараи Тоҷикистон “фоҷеъаи миллӣ” медонад. Маркази мубориза бо бемории СПИД ҳам мегӯяд, ки дар ин авохир теъдоди мубталоёни ин беморӣ афзуда ва ба бештар аз 1 ҳазору 400 нафар расидааст. Вале созмонҳои масъули мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон теъдоди ғайрирасмии мубталоёни ин бемориро бештар аз 10 ҳазор нафар мегӯянд.

Донишмандон ва уламо аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки муносибати сокинон бо мубталоёни СПИД дар Тоҷикистон оддӣ нест. Онҳо
"Созмонҳои масъули мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон теъдоди ғайрирасмии мубталоёни ин бемориро бештар аз 10 ҳазор нафар мегӯянд".
мегӯянд, сокинон аз мубталоёни ин мараз аксаран фосила мегиранд ва онҳоро бо ибораҳои “ҳаромкор” ва “худозада” маҳкум ва аз онҳо ҳазар мекунанд, ки кори дуруст нест.

Аз ин рӯ, ҳамсӯҳбатони мо аз мақомоти вазорати маориф хостанд, ки дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи исломӣ мусоидат кунанд ва нагузоранд, ки онҳо аз масҷид дур ва ба корҳои ғайр машғул бошанд. Намояндагони вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки рӯҳониён дар баёни мавъизаи худ озоданд ва метавонанд мушкили СПИД ва густариши онро ҳар ҳафта дар намози ҷумъа ёдоварӣ ва сокинонро аз таҳдидҳои он огоҳ кунанд.

Манижа Ҳайитова, раҳбари Маркази саломатии рӯҳӣ ва Вич-СПИД дар Душанбе, ки аз ташаббускорони ин мизи мудаввар буд, мегӯяд, ин шеваи нави мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон аст, ки акнун тавассути рӯҳониён анҷом мешавад.

Бо ин ҳама мушкили Вич-СПИД ва гирифторони он дар Тоҷикистон ба унвони мушкили умда боқӣ мемонад ва Созмони Милал ҳушдор додааст, ки афзоиши ин беморӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, кишварҳои минтақаро ба дарди сарҳои зиёди иҷтимоиву иқтисодии дигар гирифтор хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG