Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Абдулсалом Заиф, сафири собиқи Толибон дар Покистон, ки чаҳор соли умрашро дар Гуантанамо сипарӣ кардааст, дар баробари саллаи сиёҳу риши ғафсаш ҳоло айфон ҳам дорад.

Толибон дар замони ҳукмронии золимонаашон дар Афғонистон дар солҳои 1996 то 2001, фанновариҳои навин, аз ҷумл,а Интернету телевизионро ҳаром эълом карда буданд, аммо ҳоло ин ҳама Афғонистонро ба қарни 21 ворид кардааст. Мулло Абдусалом Заиф, ки баъди раҳоӣ аз Гуантанамо бо ҳукумат оштӣ кард, аз тариқи айфонаш ҳар рӯз аз Интернет истифода мекунад ва ҳатто ҳисоби бонкиашро ҳам аз ин роҳ тафтиш мекунад. Вай ба хабарнигори Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, айфонро дӯст медорад, зеро абзори модерн ва истифодааш осон аст. Мулло Заиф бо нишон додани айфонаш гуфтааст, инсонҳо пешрафт кардан мехоҳанд ва айфон як чизи зарурӣ дар дунёст.

Пазируфтани телефонҳои ҳамроҳ ва интернету мусиқиву кино, ки ба феҳрасти чизҳои ҳарому макрӯҳи Толибон ворид шуда буд, на танҳо зиндагӣ дар Афғонистонро осонтар кардааст, балки ба гуфтаи иддае кӯмак хоҳад кард, то ҷангҳои бепоёни сисола дар Афғонистон хотима ёбад. Шукрия Борикзай, вакили мардумӣ дар порлумони Афғонистон мегӯяд, нигоҳи ҷавонони Афғонистон ба ҷаҳони имрӯза аз нигоҳи падару бобоҳояшон фарқ дорад, чаро ки онҳо аз интернету телефони ҳамроҳ истифода мекунанд. Ба гуфтаи вай, ҷавонони афғон дар “ҳалқаи қадимаи ҷангҳо дар Афғонистон” намонда, балки ба бақияи ҷаҳон ҳамроҳ шудаанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Шукрия Борикзай, фанновариҳои нав барои Афғонистон ниҳоят муҳим аст. Вай барномаи барои миллионҳо нафар маҳбуби “Ситораи Афғон”-ро мисол меорад, ки мухлисон аз роҳи ирсоли смс беҳтарин овозхони Афғонистонро интихоб мекунанд.

Ҳашт соли пеш дар Афғонистон танҳо чандсад нафар, аксаран аъзои ҳукумати Толибон телефонҳои мобил доштанд, ҳоло ҳашт миллион нафар, аз ҳар чаҳор шаҳрванди Афғонистон якеашон соҳиби телефон будаанд. Яаап Де Ҳуп Схеффер, дабири кулли НАТО чанде пеш гуфта буд, вақте бо телефони панҷ сол пеш аз ин созмон гирифтааш, сӯҳбат мекард, афғонеро дид, ки айфонашро аз кисааш берун мекашид. Ин ҳам ба гуфтаи Яаап де Ҳуп Схеффер, як нишонаи рушди Афғонистон аст, ки баъди суқути Толибон дар асрҳои миёна буд.

Дар пойтахти Афғонистон як фурӯшгоҳи азими пурзиннат аст, ки телевизиону компютеру дигар абзорҳои электронии ҳозиразамон мефурӯшад. Фаридуллоҳ, фурӯшандаи яке аз мағозаҳо мегӯяд, моҳона 4 айфон мефурӯшад, ки харидоронаш ҳам афғонҳои сарватманд ҳастанд. Қимати айфон ҳам дар ин авохир аз 1100 доллар то ба 800 доллар поён омадааст. Вай мегӯяд, нӯҳ сол пеш дар Афғонистон мобилро намедонистанд, аммо ҳоло доштани телефони ҳамроҳ расм шудааст ва онҳое, ки пули кам доранд, мехоҳанд барои намоиш додан телефони гарон бихаранд. Яке аз ширкатҳои азими мобилии Афғонистон ширкати “Равшан” аст, ки аз се миллион бештар муштарӣ дорад.

Аммо, бо вуҷуди ин, бисёре аз афғонҳо доир ба айфон чизе нашунидаанд ва барои аксарияти мардуми камбизоат ин навъи телефон бисёр гарон аст. Мулло Абдулсалом Заиф, сафири собиқи Толибон мегӯяд, вай ҳамеша ба фанновариҳои навин таваҷҷӯҳ дошт ва охири соли 1990 ӯ аз тариқи моҳвора ба Интернет васл мешуд ва телефони моҳвораӣ дошт. Аммо ҳоло рӯзона як соат дар Интернет ба қавле сайр мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар он солҳо, раҳбарияти Толибонро ташвиқ мекард, то иҷозаи истифода аз абзорҳои барқии навро ба афғонҳо бидиҳанд, вале кӯшишҳои ӯ бенатиҷа будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG