Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон бо пардохти 4 миллион доллар тавонистааст ҳаҷми қарзи худ барои истифодаи гази табиӣ дар назди Ӯзбакистонро аз 18 миллион то 14 миллион коҳиш ва ҳамин тавр марҳалаи аввали бозгардони ин қарзҳоро ба анҷом расонад.

Идораи «Тоҷиктрансгаз» дар ҳоле аз пардохти 4 миллион аз қарзи 18 миллиондолларии худ дар баробари ширкати «Ӯзтрансгаз» хабар медиҳад, ки дуввумӣ содироти гази табиӣ ба Тоҷикистонро то нисфи нишондоди қарордод коҳиш додааст. Сайидмамад Шарофиддинов, раиси «Тоҷиктрансгаз» дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамтоёни онҳо дар Ӯзбакистон барои интиқоли пурраи ҳаҷми гази табиӣ пардохти тамомии маблағи қарзро талаб доранд. Ба ин далел, «Ӯзтрансгаз» давоми ду моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ба ҷои 140 миллион мукааб метр гази табиӣ ба Тоҷикистон 70 миллион содир кардааст.

Бар пояи қарордоди миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ин кишвар наздики 550 миллион метри муккааб гази табиӣ харидорӣ хоҳад кард. То соли гузашта барои ҳар як ҳазор метри мукааб 145 доллар пардохт мешуд, вале аз оғози сол равон баҳои он то ба 240 доллар афзоиш ёфт

Масъулони «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, аз 14 миллион доллари қарз ҳамагӣ 1 миллиони он ба аҳолӣ тааллуқ дорад ва бақия маблағи қарз аз корхонаҳои саноатии кишвар аст. Ба таъйиди «Тоҷиктрансгаз», дар ҳоли ҳозир, аз ҷумла, ширкати «Барқи тоҷик» 31 миллион сомонӣ, «Тоҷиксемент» 4 миллион, корхонаи «Тоҷиказот» 600 ҳазор сомонӣ, «Талко» ним миллион сомонӣ, «Сомонсуғдгаз» 6,5 миллион сомонӣ, корхонаи тавлиди шишаи мавсум ба «Лаъл» ду миллион ва ширкати «Баракат» дар ноҳияи Ҳисор 1 миллион сомонӣ маблағи истифодаи гази табииро ба ин ширкат пардохт накардаанд.
XS
SM
MD
LG