Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Афғонистон моҳи август баргузор мешавад


Имрӯз Куммиссиюни Марказии Интихоботии Афғонистон эълон кард, ки интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии ин кишвар 20-уми август баргузор мешавад. Рӯзи шанбе Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба куммиссиюни мазкур дастур дода буд, ки интихобот 22-юми май баргузор шавад. Ин дастури Ҳомид Карзай дар ҳоле содир шуд, ки намояндагони порламони Афғонистон бар зидди санаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи август изҳори ақида карданд ва гуфтанд, ки баъд аз моҳи май фаъолияти Ҳомид Каразй дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ ғайриқонунист, зеро муҳлати раёсати ҷумҳуриаш ба поён мерасад. Аммо СММ, Амрико ва нируҳои сиёсии мухолиф дар Афғонистон ҷонибдори баргузории интихобот дар моҳи август мебошанд. Нируҳои НАТО дар Афғонистон ҳам мегӯянд, агар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ моҳи август баргузор шавад, онҳо метавонанд амният дар ҷараёни интихобот ва омодагӣ ба онро беҳтар таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG